10.06.2026 04:38

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар кишвар рушд намуд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таҳсил ва азбар намудани илмҳои замони муосир шароит фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаи давлатии таълимии «Колеҷи омузгорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров даври якуми олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.