10.06.2026 04:38

Дар ҳафт шаҳру ноҳияи вилоят то имрӯз наздик 73,3 фоизи ҳосили пахта мутобиқ ба дурнамо ҷамъоварӣ карда шудааст. Суръати ҳосилғундорӣ аз як қатор омилҳо, бахусус ташкили самарабахши кор, ҳавасмандии чинакчиён, истифодаи техника ва қабулу коркарди пахта вобаста аст. Дар ноҳияи Зафаробод корхонаҳои қабулу коркарди пахта бо қабулу нигаҳдории ҳосили имсола коркардро низ оғоз намудаанд.