10.06.2026 04:38

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳаи маориф диққати асосӣ дода шуда, бо бунёди иншооти нави соҳа, таъмиру азнавсозӣ, муҷаҳҳазонии иншооти соҳа бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ шароити муосири таълиму тарбия дар ҳамаи муассисахои таълимӣ фароҳам оварда мешавад. Дар шаҳри Истиқлол дар заминаи дастгирии давлатӣ, барномаву консепсияи миллии тарбия муассисаҳои мактабиву томактабӣ ба шароити имрӯза мутобиқ гардида, насли наврас ба тарбия фаро гирифта мешаванд.