10.06.2026 09:40

Дар ноҳияи Спитамен мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акрабатикаи варзишӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 150-нафар варзишгар аз тамоми минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Акрабатикаи варзишӣ яке аз намудҳои писандида байни кӯдакону наврасон  ба ҳисоб меравад.